Ҳар киро хоки сари кӯйи ту маскан бошад

Ҳар киро хоки сари кӯйи ту маскан бошад,

Пеши ӯ гулшани фирдавс чу гулхан бошад.

Гар ҷаҳон равшанӣ аз партави Хуршед гирифт,

Чашми ушшоқба дидори ту равшан бошад.

Ёр чуе лутфу мароъоти кунад ёронро,

Дӯстонро чӣ ғам аз таънаи душман бошад?

Чун кунад ғамзаи қаттоли хушат даст ба теғ,

Зери пойи ту ҳазорон сари бетан бошад.

Ҳоҷати хеш кунад арз дили ҳоҷатманд,

Бо даҳони ту, агар ҳаҷати гуфтан бошад.

Мо чу зулфи ту напечем сар теғу синон,

Ғамзаи шӯхи туро гар сари куштан бошад,

Сӯхт гар хушку тари Ҳофизи Шероз, чӣ бок?

Ошиқи сӯхтадил сӯхтахирман бошад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail