Ҳар шаб чу шамъ дорам сӯзу гудоз

Ҳар шаб чу шамъ дорам сӯзу гудоз бе ту,
Чун кокулат намояд шабҳо дароз бе ту.
Мардам ниҳода носур бар захми синаи ман,
Бемориям шуд афзун, эй чорасоз, бе ту.
Оинаи дили ман афтода аз назарҳо,
Бар хоки тира молад рӯйи ниёз бе ту.
Шабҳо зи банд-бандам афғон бурун барояд,
Чун най шикастаҳолам, эй дилнавоз, бе ту…
Аз рафтани ту афтод дар хонаи ман оташ,
Чун доғ аз дили ман гул кард роз бе ту.
Чун мурғи нимбисмил, корам бувад тапидан
Дар сайдгоҳи нозат, эй шоҳбоз, бе ту.
Аҳволи Сайидоро аз қумрии чаман пурс,
Чун сабза поймол аст, эй сарвиноз, бе ту.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close