ХАЙРХОҲ

 БА ҲОҶӢ АБДУЛҲАКИМИ  АЪЛАМШОҲ ВА ШОДӢ РАҲИМЗОДА

Зинда бошад ҳар кӣ бошад хайрхоҳ,

Хайрхоҳи мекунад ӯ гоҳ-гоҳ.

Хайрхоҳро мешиносанд одамон,

Нур дорад рӯи вай монанди моҳ,

Хайрхоҳи карда гардад ӯ мудом,

Ӯ савоб гирад аз ин кор не гуноҳ.

Хайрхоҳро этиром кардан равост,

Хайрхоҳӣ кори ӯ ҳар солу моҳ.

Камбағал, дарвеш дар роҳ мондаро,

Даст гирад ӯ шавад пушту паноҳ.

Давлати пояндаву умри дароз,

Мешавад ӯро насиб иншоаллоҳ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail