ХАСАД (ҲАСАД)

Ҳар дилеро баҳри худ созад агар маъво ҳасад,
Ҳукмрони соҳиби он дил шавад танҳо ҳасад.

Кору бору эҳтиёҷи худ пазонад нобакор,
То қабеҳ гардонданат осуда не асло ҳасад.

То замони занг бастан пораи пӯлодро,
Не танаш, рӯҳи варо аввал кунад яғмо ҳасад.

Дида иқболи касонро, меканад ҷони танаш,
Аз ғаму андӯхи онон ҷон диҳад, илло, ҳасад.

Аз сари фарзонагон тӯфони рашқ ангехта,
То дами бедориаш хезонда сад иғво ҳасад.

Он қадар бераҳму шафқат ҳам дилозорест он,
Хар кӣ дар кӯяш фитода, мекунад расво ҳасад.

Баъд аз ин ҳам, Ӯлмасо, худро аз инҳо дур дор,
Оламе дар чашм танг аст, ар ба дил шуд ҷо ҳасад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail