ҲАСАД

Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки туро
Бастаи ишқаш намуда, дилнавозӣ мекунад.
Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки ба меҳр
Назди ту биншаста, бо зулфи ту бозӣ мекунад.

Мебарам доим ҳасад, аммо на аз он ки ба ту
Рӯзгори талх мехоҳам чу оҷиз душмане.
Ҳар куҷо бошӣ, саломат бош бо дилдодаат,
Хоҳамат бахти шукуфон чун баҳоре, гулшане.

Ман ҷавони сода будам, рост мепиндоштам
Ҳар суханро ҳамчу покии дилу одамгарӣ.
Ман назарногир будам, дӯстат медоштам,
То бузургӣ ёбаму ишқат диҳад болу паре.

Ишқи ман чун ашки тифлон пок буду соф буд,
Фахри айёми ҷавониям ту будӣ, нозанин.
Будӣ пайванди ману дунёи пур аз орзу,
Иду тӯям, шодмониям ту будӣ, нозанин.

Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки туро
Бастаи ишқаш намуда, дилнавозӣ мекунад…
Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки ба меҳр
Назди ту биншаста, бо зулфи ту бозӣ мекунад…

1.7.1963

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail