ҲАСРАТ

Озори дил ҳаст, осори дил не,
Хории дил ҳаст, ғамхори дил не.
Сад бори дунё бар дӯши дилҳо,
Бар дӯши дунё як бори дил не.
Дарё равону дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.
Оқил намешад девонаи дил,
Кӯтаҳ намешад афсонаи дил.
Дунёи вайрон мешад ободон,
Обод намешад вайронаи дил.
Дарё равону дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.
Фардои дигар, мардои дигар,
Ишқои дигар, дардои дигар.
Рӯзе бихушкад дарёи дилҳо,
Як нам набахшад дарёи дигар.
Дарё равону дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.
10.11.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail