ҲАСТ? НЕСТ!

Роҳи дарози хонаро,
Ору намегирад хато.
Бар лонааш бе иштибоҳ
Лаклак бипӯям  рост  роҳ.

Гунҷишк  сӯйи лонааш,
Санҷоб сӯйи хонааш,
Харӯш сӯйи ҷойи худ
Бе саҳв монад пойи худ.

Аз  байни хоку сангу лой
Чолок монад муш пой,
Бо пайраҳи борики  худ,
Бар хонаи торики худ.

Чунки барояш дар ҷаҳон
Якто бувад аз ин макон.
Ин ҷо фақат бо сад ҳавас
Озод мегирад нафас…

Аз хонаи худ, эй писар,
Ҷое ба дил наздиктар
Дар рӯйи дунё ҳаст?

Нест!
Марғуптар ҷо ҳаст?
Нест!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail