ҲАВАСИ СӮИ ТУ

Ба ҳаваси ту хоҳам хоҳам омад,
Ҳар нафас сӯи ту хоҳам омад.
Лаззат аз суҳбати ту то бибарам,
Басу бас сӯи ту хоҳам омакд.
Ба ҳамон майл нарафтем зиёб,
Бозпас сӯи ту хоҳам омад.
Мо ба як мижжа задан таьҷилан
Додрас сӯи ту хоҳам омад.
Не ба по, балки ба сар бе таъхир
Муултамас сӯи ту хоҳам омад.
Дӯстам, шаб чу ту бехобӣ кашӣ,
Чун асас сӯи ту хоҳам омад.
Ба саволи ту Ҳаким Гӯё гуфт:
На абас сӯи ту хоҳам омад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close