Ҳавои кӯчагардӣ нест фарзанди маро

Агар як дам шавад холӣ зи мавҷи май сабӯи ман,
Нафас ҳалкаҳои дом печад бар гулӯи ман.
Ҳавои кӯчагардӣ нест фарзанди маро бар сар,
Намеояд ба берун аз ҳарими ғунча бӯйи ман,
Маро як раҳ намеояд ба бар сарви равони ӯ,
Самар ҳаргиз намебандад ниҳоли орзуи ман.
Диҳад бо ташнагон оби худоӣ соғари хушкам,
Шаванд осуда халқ аз сояи нахли кадуи ман.
Зи худ рам хӯрда дар доми фиребат кас намеафтад,
Машав, эй гирдбод, ошуфта баҳри ҷустуҷӯйи ман.
Гули раъно барад рашки хазону навбаҳорамро,
Намесозад зи якдигар ҷудоӣ рангу бӯйи ман.
Зи суҳбат даст шустам, рӯй то дар хилват овардам,
Таҳорат мекунанд ин қавм бо оби вузӯи ман.
Забони хомаам, эй Сайидо, то шуълаафшон шуд,
Ба худ, чун мӯйи оташдида мепечад адуи ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail