Ҳайкали Фирдавсӣ

Ҳайкали Фирдавсӣ дар майдони Озодӣ,
Қиблаи меҳанпарастон,
Қутби меҳан,
Ҷойгоҳи тавбаву савганди мардон…

Баски ӯ аз мармари шеър,
Баски ӯ аз хорасанги маҳками назм
Ҳамчу Рустам,
Ҳамчу Суҳробу Сиёвуш,
Бо қалам дар ин қаламрав шоҳҳайкалҳо гузорида,
То гузорад номи зинда, номи зинда, номи зинда…

Осмонро мехарошад номи Фирдавсӣ,
Чун ливои ковиёнӣ,
Чун шиори ориёнӣ.
Номи ӯ фотеҳаи майдон,
Номи ӯ омину бисмиллоҳи користон,
Номи ӯ номи худои паҳлавию паҳлавонӣ.

Баста шуд занҷири номаш
То абад дар гардани Тӯрон,
То ҳанӯз аз дасти Фирдавсӣ
Тозиёна мехӯрад тозӣ.

Хӯрда ӯ ҳам тозиёна,
Лекин аз бегонаҳо на,
Лекин аз бегонаҳо камтар,
Бештар аз тӯдаи ҳаммилати хеш,
Бештар аз ҳамватанҳои ватанбезор,
Бештар аз ноҷавонмардони меҳан.

Дар баҳои меҳрубонӣ,
Вой аз номеҳрубонӣ!
Гарчи умре бар сараш санге нахӯрда,
Сангҳое бар дилаш хурда.

Ҳайкали ӯ — ҳайкали як устуворй,
Пофишорӣ.
Кундааш ёдовар аз як кундаи пире,
Кундаи садсолаҳо сабзидаи халқ,
Кундаи садсолаҳо ғафсидаи халқ,
Кундаи номи сафеди Ориёно,
Кундаи куҳна,
Ҳамчу Фирдавсӣ ба умри як ҳазора…

Эй зиҳӣ, Мақсуди Икром,
Шаҳрдори соҳибикром,
Ҷои Ленинро ба Фирдавсӣ ту додӣ,
Ончуноне маснади Заҳҳоки моронро
Пири Тусӣ бар Фаридун дод…

Ҳайкали сангини шоир
Сангари Майдони Озодист,
Сангари Майдони Озодӣ намеҷунбад
Намеҷунбад, намеҷунбад, намеҷунбад!

Тирамоҳи 1992

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close