ХАЗОНИ УМР

Пирзан бо қомати хамгашта мерӯбад хазон
Аз азоне то азон.
Кӯчаҳоро мекунад аммо пур аз барги хазон
Боз ҳам боди вазон.
Баски ӯро нест парвое дигар,
К-ин зани ҷорӯбкаш
Мекашад дарди камар.

Пирзан, эй пирзан,
Маъзарат мехоҳам аз ту, эй азизи ҷони ман,
К-аз сари дарду ғам аз шуғли ту мегӯям сухан.
Лек узри бештар дорам аз он,
Ки нагуфтам то кунун
Ҳарфе аз ҳоли забун.

Ҳеҷ ёдат мерасад,
К-он ниҳоли қомати ту орзуи навҷавонии кӣ буд,
Дар сари шохи ҷавоният чӣ гулҳое,
ки бояд мешукуфт.
Як нафас биншину ёд овар зи худ,
Аз ҷавоние, ки шуд.

Инқилобат, к-аз қафас озод кард,
Ё магар танҳо барои кӯчарӯбӣ кард озод?
Аз сарат чодар гирифту дод ҷорӯбат ба даст,
То ниҳоли қоматат дар кӯча хам гашту шикаст.

Ё зи ҳабси чордевори нафасгире бурун кардат,
К-аз нафасгирӣ раҳо гашта, шавӣ з-ощодагӣ дилгир,
Бе ҷавонӣ пир
Чун барорӣ ту ғубори дил дар ин аҳволи зор,
Балки гирад рӯю мӯят ҳам ғубор.

Ин магар буд орзуи инқилоб,
Инқилоберо, ки медидӣ ба хоб?
Ёд кун аз хоби хеш,
Аз ҷавонӣ, орзуҳои шаби маҳтоби хеш.

Гарчи ёди умри барбоди ту мебошад гарон,
Ёд нокардан аз он,
Ҳаст даҳчандон гарон,
Баски ҳоло аз раҳи ту
духтари навроҳи ту бошад равон.

Пирзан, эй пирзан,
Кӯчаҳоро он қадарҳо рӯфтӣ дар умри хеш,
Ҷони худро он қадарҳо кӯфтӣ дар умри хеш,
Аз вуҷуди хеш акнун ҳасрати худро бирӯб
Ҳам ғубори ғафлати худро бирӯб…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail