ХИЗМАТИ ХИРСОНА

Хизмати хирсонае дирӯз

Қурбон карда монд

Бандаро дар ҷои равғандор меҳмон карда

Дар бубасту ҳалқаи занҷирро маҳкам намуд,

Чуи гупаҳкоре маро аз чашм пинҳон карда монд

Гуфт: «Равған гир, агар хоҳӣ,ман андар хизматам».

Ҷону ДИЛ, бо гуфти худ, гӯё ки шодон карда монд.

Як шуланги сип-сиёҳ дар бочкаи равған халид,

Дам кашиду равғани онро навардон карда монд.

Гуфт: «Камчин равған аст,
ин баҳри ёрон мондаем»,

Ин сухан такрор бо найранги шайтон карда монд.

Нимпур зарфе намуда, даҳ кило кардаш ҳисоб,

Ҷебакамро холӣ аз баҳри ҷиғилдон карда монд.

Баъд таъкид кард: «Роҳи хилвате дарёбу рав»,

Муддате манро дар ин даргоҳ сарсон карда монд.

Дар тарозу баркашидам равған аз вай ман ниҳон, К-он тарозу даҳ кило
бо зарфаш эълон карда монд.

Чор сӯмам рафт аз ин бар Хоҷа Аҳрори Валӣ,

Чашми носераш мародартарсу ҳайрон карда монд.

Доду вой аз хизмати хирсонаи Қурбони нафс,

Равғани пундонаро боло зи зар он карда монд.

Хорпуштак, арзи моро як нафас ту гуш дор,

К-ин бало оини савдо соф ваирон карда мон
ЧЙ ГУФТАН МЕТАВОН
Лофи беҷоро чи гуфтан метавон,
Лаққипочоро чӣ гуфтан метавон.
Метавон гуфтан чӣ бошад ростӣ,
Каҷравиҳоро чӣ гуфтан метавон.
Ҷоми моро ним ё пур мекунанд,

Соқиоғоро чӣ гуфтан метавон.
Дил кашад, по меравад бар ҳар куҷо,

Дил ва ё поро чй гуфтан метавон.
Дӯш кардандам ба дӯконе фиреб,

Фанди савдоро чӣ гуфтан метавон.
Садри савдояст ҳанноти калон,
Наҳсбоборо чӣ гуфтан метавон.
Дар тамошо гоҳ механдем мо,
Хандаи моро чӣ гуфтан метавон.
Бар калоне арз кардам, гап назад,

Дастболоро чӣ гуфтан метавон.
Аввалу анҷоми ин равшан ба мо,

Лек ҳолоро чй гуфтан метавон.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail