ХОБИ САНГ

Булаҷаб кӯҳи азиме рӯ ба рӯям буд,
К-андар он фарёд таҳ мерафт чун дар ғор.
Ҳар чӣ бонге мезадам саҳмӣ,
Заррае бонгам намешуд ҳеҷ гаҳ такрор.
Кӯҳ гӯё сабру тамкин дошт,
Балки хоби сахту сангин дошт.
 
Он қадар фарёд кардам,
То ки овозам гирифту шавқи бонгам мурд,
Рафт дар қаръи гулӯи ман садо ногоҳ
Чун сатили бандканда
Меравад дар чоҳ.
 
Ку дигар банде, ки овозам кашад аз чоҳи танг,
Ку дигар гурзе, ки санге бишканад аз хоби санг!?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail