ХОКРӮБ

Дар кӯчаҳои шаҳр
Ҳар субҳдам нигар –
Пири хамидае,
Меҳнаткашидае
Ҷорӯб мезанад.
Дар мижжаҳои ӯ
Хобида гардҳост.
Дар кӯзапушти ӯ
Зардоби дардҳост.
Мурдасту зинда аст
Чанде дар ин ҷаҳон.
Умраш хазон шуда,
Рӯбад зи раҳ хазон.
З-ин раҳ ҷавонияш
Кайҳо гузаштааст.
З-ин раҳ зи дӯши ӯ
Дунё гузаштааст.
Рӯзаш шудаст шом,
Ӯ субҳҷӯ ҳанӯз.
Хезад ҳама саҳар
Бар пешвози рӯз.
Хаш-хаш дами саҳар
Дар кӯчаҳои шаҳр
Ҷорӯб мезанад,
Аз баҳри Офтоб
Раҳ тоза мекунад…
* * *
Буд агар Хайём ҳамдаврони мо,
Орзуҳояш ба сомон мерасид.
То ба чархи дигар, афлоки дигар
Дасташ осон мерасид.
Бешак, ӯ мебуд марди ҳамназар
Бо Сиолковискӣ ё ки Эншитен.
Дар замин меҷуст агар рози фалак,
Дар фалак – рози замин.
Бешак ӯ аз мо фузун ғам мекашид
Дар ҷаҳони мардию риндигарӣ.
Бешак ӯ меҷуст аз мо бештар
Роҳу расми дилбарӣ.
Лек бо он рӯҳи исёнии худ,
Бо ҳама бебокию азми дуруст
Он ҳақиқатро, ки меҷуст он замон,
Ин замон ҳам боз меҷуст…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail