Ҳофизи ширинсухан таронаи туст

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд ой, ки хона-хонаи туст.
Ба лутфи ҳолу хат аз орифон рабудӣ дил,
Латифаҳои аҷаб зери дому донаи туст.
Дилат ба васли гул, эй булбули саҳар, хуш бод,
Ки дар чаман ҳама гулбонги ошнқонаи туст.
Илоҷи заъфи дили мо ба лаб ҳаволат KVH,
Ки ин муфарреҳи ёқут дар хазонаи туст.
Ба тан муқассирам аз давлати мулозиматат,
Вале хулосаи ҷон хоки остонаи туст.
Ман он наям, ки диҳам накди дил ба ҳар шӯхе,
Дари хазона ба мӯҳри туву нишонаи туст.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки тавсане чу фалак роми тозиёнаи туст
Чӣ ҷойи ман. ки билағзад сипеҳри шӯъбадабоз,
Аз ин ҳиял, ки дар анбонаи баҳонаи туст.
Суруди маҷлисат акнун фалак бар рақс орад,
Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail