ҲОЛАШ ТАБОҲ

Порахӯре кард одат,

Ба хӯрдани молу пул.

Ҳар касе, ки «ма» гӯяд,

Менамуд онро қабул.

 

Аз «те» мудом қимоб буд,

Шунидам ҳам намехост.

Мегирифту намедод,

Гирифтанаш рӯи рост.

 

Боре ногоҳ порахӯр,

Афтид ба кӯли калон.

То ки аз об гирандаш

«Каф те,» — гуфтанд одамон.

 

Порахӯр, ки хасис буд,

Надод кафи дасташро.

Надод кафи дасташро.

Ғутид ба об чуқуртар,

Гардид ҳоли вай табоҳ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close