ҲӮРОН ИНТИЗОРАНД

Ҳар субҳу шом зи ҷое,

Ба гӯш ояд нидое:

Эй банда кун ибодат,

Шояд расӣ ба ҷое.

Биёби оби Кавсар,

Ба ту шавад шифое.

Ризвон дар кушоянд,

То ту биҳишт дарои.

Ҳурон интизоранд,

Дар боғи хушҳавое.

Он ҷо ба гӯш ояд,

Аз булбулон навое.

Умри абад ҳам онҷо,

Биҳишту меваҳое.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail