ХУРОСОНИ БУЗУРГ

Чу аз насли Фаридунем,
Аз як реша, як хунем.
Чу аз хуни Сиёвушем,
Ҷовидон ҳамоғӯшем.
Дирафши ковиён бо мост,
Фарри ориён бо мост.
Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!
Чу аз як Ҷоми Ҷам ҳастем,
Аз як Ҷоми Ҷам мастем.
Агар Рустам сар афрозад,
Зи нав парчам барафрозад
Хуросони бузурги мо,
Хуросони сутурги мо!
Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!
Мо – бӯяву армони ӯ,
Мо – чораву дармони ӯ,
Дирӯзи фахрангези ӯ,
фардои тобони ваем.
То тору пуди ҷони мо
аз тору пуди тоҷик аст,
Дар ҳасрати Сомониён
имрӯз сомони ваем.
Куллиёти ашъор 321
Фарзанди ин миллат туӣ,
фарзанди ин миллат манам!
Пайванди ин миллат туӣ,
пайванди ин миллат манам!
Сад пораи ҷони варо
якпора бояд сохтан –
Савганди ин миллат туӣ,
савганди ин миллат манам!
Қавми мурувватпешае,
қавми адолатпарваре,
Қавми Авестодошта,
сар бар фалак афрошта,
Бар Рӯдакӣ дода забон,
Фирдавсиро – фарри каён,
Тиру камон бигзошта,
ганҷи хирад анбошта.
Фарзанди ин миллат туӣ,
фарзанди ин миллат манам!
Пайванди ин миллат туӣ,
пайванди ин миллат манам!
Сад пораи ҷони варо
якпора бояд сохтан –
Савганди ин миллат туӣ,
савганди ин миллат манам!
То дину имон дорад ӯ,
ризқи фаровон дорад ӯ,
То некияш ойин бувад,
ҳамболи ӯ шоҳин бувад.
Кӯҳи баландаш як тараф,
рӯҳи баландаш як тараф,
Кошонааш сангин бувад,
ояндааш рангин бувад.
Фарзанди ин миллат туӣ,
фарзанди ин миллат манам!
Пайванди ин миллат туӣ,
пайванди ин миллат манам!
Сад пораи ҷони варо
якпора бояд сохтан –
Савганди ин миллат туӣ,
савганди ин миллат манам!
Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар
Мекунӣ, эй – Ватан, бар адӯят зафар.
Ҷумла фарзанди ту, решапайванди ту
Хӯрда савганди ту – ҷонфидои туем.
Раҳкушои туем, раҳнамои туем.
Тоҷикистони ман, тору пудам туӣ,
Қиблаи эътиқоду суҷудам туӣ.
Бо раҳи дӯстӣ, бо раҳи ростӣ
Меравӣ дилқавӣ ҷониби ҷовидон,
Давлати ҷону дил – давлати тоҷикон!
1995

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail