ХУШ БУВАД СОҒАРИ ПУРБОДА ДАР ФАЙЁМИ БАҲОР

Хуш бувад соғари пурбода дар файёми баҳор
Хуш бувад соғари пурбода дар айёми баҳор,
Хоса дар сояйи гулҳои тарандоми баҳор
Ошиқи зори баҳор аст ниҳонӣ савсан,
Лекин аз шарм наёрад ба забон номи баҳор.
Бар чаман бувад басе воми баҳор аз зару сим,
Ғунча бикшода гиреҳ, то бидиҳад воми баҳор.
Бааъди аз ин бинӣ, дар сояйи ҳар сарви баланд
Маҷлисе карда ҷавонони майошоми баҳор.
Ба ғанимат шумар, эй дӯст, агар ёфтаӣ
Рӯйи зебову майи равшану айёми баҳор.
Аз пайи хӯрдани май ин суханони Хусрав
Бод меорад аз он рӯйи ту пайғоми баҳор.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail