Хушбахт

Хушбахт касе, ки ном бар ном орад,
Дар иди Ватан ҷону дил инъом орад.
Монандаи кӯлвори қосид ҳар субҳ
Холӣ шаваду ба халқ пайғом орад.
Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунед,
Ин хоки куҳанро ба навӣ шод кунед.
Номе ба харита нест аз деҳаи ман,
Ёрон, зи суруди ман варо ёд кунед.
То чархи фалак хаёли мо афзун рафт,
Бисёр зи дида ашку аз дил хун рафт.
Нашкаста пари Дедалу Икар зинҳор
Варна ба суи фалак Гагарин чун рафт?!
Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад,
Бар пардаи чашми гулнигоҳе нигарад.
Пешобағали дамида чун субҳеро
Ҳар кас ки надид, хоби маргаш бибарад.
Чун коғази солхурда афсурда шудем,
Бишкуфта ба бахти халқ, пажмурда шудем.
Якчанд чу санги осиё чарх задем,
То мардумӣ нон хуранд, мо хурда шудем.
Хонед ба базми ошиқӣ номаи ман,
Пӯшед ба қомати сиҳӣ ҷомаи ман.
Сар пои сутуни ростӣ буда маро,
Созед сутуни хонае хомаи ман!
Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ,
Бе болу паре ба арш парвоз кунӣ.
Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз,
Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.
Дардову шигифто, аҷали масхарабоз
Фарқияти мурдагон намебинад соз,
Сад зиндадиле бимираду хок шавад,
Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.
Имрӯз, ки зиндагонӣ дар хидмати мост,
Бар гардани мост, ҳар чӣ неку бади мост.
Нӯшед ба базми косагардонии умр
Имрӯз, ки коса косаи навбати мост.
Ин умр, ки дар паноҳи худ мегузарад,
Бо айби худу гуноҳи худ мегузарад.
Аз бом фитад яке, яке аз гардун,
Ҳар кас зи ҷаҳон ба роҳи худ мегузарад.
Ман соҳиламу роҳбари дарёям,
Хомӯш, вале шоҳиди тӯфонҳоям.
Аз он ки ба ман рӯд диҳад бӯсаи сард,
Шодоб, валек ташнаю танҳоям.
Ҳар гул, ки шукуфад, лаби хандидаи мост,
Ҳар чашма, ки ҷӯшад, дили болидаи мост.
Ҳар барги хазон, ки тирамаҳ мерезад,

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close