Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод

Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод!

Рӯят ҳамасола лолагун бод!

Андар сари ман хаёли ишқат,

Ҳар рӯз, ки бод, дар фузун бод!

Ҳар сарв, ки дар чаман дарояд,

Дар хидмати қоматат нагун бод!

Чашме, ки на фитнаи ту бошад,

Чун гавҳари ашқ ғарки хун бод!

Чашми ту зи баҳри  дилрабоӣ,

Дар кардани сеҳр зӯфунун бод!

Ҳар чо, ки дилест, дар ғами ту,

Бесабру қарору бесукун бод!

Қадди ҳама дилбарони олам,

Пеши алифи қадат чу нун бод!

Ҳар дил, ки зи ишқи туст холӣ,

Аз ҳалқаи васли ту бурун бод!

Лаъли ту, ки ҳаст ҷони Ҳофиз,

Дур аз лаби мардумони дун бод!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail