ИБНИ СИНОСТ НОМИ Ӯ

На ба Аллоҳ саҷда овард ӯ,
На ба Яздону Аҳраман дил баст,
Рустамона қадам ба ҷабға ниҳод,
Бо ҷасорат тилисмро бишикаст,—
Ки шавад осмони нилигун
Соф чун оби чашмаи кӯҳсор,
Гул кунад то табассуми ширин,
Бар рӯхи мардуми накӯкирдор.

Ҷустучӯ менамуд дар шаби тор
Решаи дардро, ки сӯзонад,
Хонаи маргро кунад тира,
Хонаи зиндагӣ фурӯзонад.
Ҷаст берун зи банди макру ҳиял,
То кунад мушкили чаҳонаш ҳал.
Бо каромоту ҳикматаш ҳар банд
Шуд кушода, ба ғайри банди аҷал.

Ибни Синост номи неки ӯ,
Ки ба ҳикмат замонаро ларзонд,
Сарфарозам, ки халқи ҳар миллат
Писари худ ба ифтихораш хонд.
Пурсамар нахли дӯстии он
Дар ҷаҳони бузург реша давонд.

Мо ҳама зодагони ҳар миллат
Дар ҷаҳон ворисонаш имрӯзем,
Пас биёед ҷоми Синоро
Бо маи дӯстӣ барафрӯзем!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close