ИДИ ЗАФАР

Зи ҳар ҷониб хабар омад:
зафар омад, зафар омад,
Зафар омад, зафар омад, сафои баҳру бар омад.
Ҳама олам зи нури ӯ дурафшон шуд,
дурахшон шуд,
Зафар омад, зафар омад,
чу хуршеди саҳар омад.
Нигоҳи модарон тобон,
нигоҳи дилбарон хандон,
Падар пеши писар омад,
писар пеши падар омад.
Ҳаёт аз марг эмин шуд,
дубора шоду рангин шуд
Наҷоти қисмати имрӯзу фардои башар омад.
20.1.1985

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail