ИФТИХОР

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд,
Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,
Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд.
Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман,
Гарчи мегуфтанд серӯзӣ бувад дунёи ман,
Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пои ман,
Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд.
Дар миёни чор девори баланди кӯҳҳо,
Ки гаронӣ мекунад бар кӯҳҳо андӯҳҳо,
Дар радифи қуллаҳои посбони рӯҳҳо
Бо дили бедору бо рӯҳи ҷавонам зодаанд.
Бо дуои мӯсафедони худотарсу баор,
Бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор,
Бо шарофатҳои кампирҳои нимҷон ҷоннисор
Баҳри ҳоло, баҳри фардои замонам зодаанд.
Ман аз ин сон бесаводон сӯхтан омӯхтам,
Аз сафои сураи Қуръон сухан омӯхтам,
Аз китоби зери болинам Ватан омӯхтам –
Дар диёри байту шеъру достонам зодаанд.
Гарчи дар базми бузургон кӯдаки гаҳвораам,
Бо ҳама камзарфии худ ҷузви ин сайёраам,
Шоирам ё ошиқам, майхора ё ғамхораам,
Ҳар кӣ ҳам бошам,
ба қасди душманонам зодаанд…
Дар миёни кӯҳсорон кӯҳсонам зодаанд,
Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд.
Дар канори чашмае баҳри дамонам зодаанд,
Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд!
* * *
Аз файзи ҳамал чу набзи ошиқ
Дар навдаи ток хун давидаст.
Ҳамчун дили ту фазо кушода,
Ҳамчун дили ман замин дамидаст.
Дарёст пуробу масту бехуд,
Дар соҳили хештан нагунҷад.
Ҷони мани беқарору бедил
Дар маҳкамаи бадан нагунҷад.
Дар ҷашнгаҳи баҳору қисмат
Ҳар санги карахт ид дорад.
Танҳо на ману ту, ҳар гиёҳе
Аз худ ба ҷаҳон умед дорад.
Дар раҳгузари гулу шукуфа
Худро гули ношукуфта пиндор.
Хоҳӣ, ки баҳор нагзарад зуд,
Гулҳои баҳорро маёзор.
Гул нозуку дил аз ӯст нозук,
Аз ҳар нафасе намекушояд.
Ошиқ шудану дил об кардан
Аз дасти ҳама намебиёяд.
Бархезу биё, фариштаи ман,
Фасли нави ошиқӣ расидаст.
Доғи гули навшукуфта пайдост,
Доғи нашукуфтаро кӣ дидааст?
* * *
Ин кӯҳи чу шоири хаёлӣ,
Ин сояи дар хамӣ шикаста,
Симчӯби қатору дар сари сим
Гунҷишки қатор шадда баста.
Ин домани песабарфи куҳсор
Чун гӯшаи домани дарида,
Оғӯши пур аз каромати пок,
Гулҳои арӯсаки расида.
Ин ҳайбати абрҳои хашмӣ,
Арғушти маҳини майсазорон,
Ин манманию ғурури тундар
Талқини суруди обшорон.
Ин рӯди ситезакору густох,
Ин чашмаи бехуду сияҳмаст,
Ин боғи шукуфтарӯю тобон,
Ин шохи ниҳода бар сарам даст –
Инҳо ҳама бо мананд ҳамзод,
Инҳо ҳама шоҳиди манастанд.
Хонанд ба сад забон диламро,
Инҳо ҳама қосиди манастанд.
Ногуфтаи ман зи гуфтаам беҳ,
Доред агар зи ман саволе,
Пурсед зи абрҳои хашмӣ,
В-аз кӯҳи чу шоири хаёлӣ…
* * *
Димоғи хеш тар карда ба барфу тармаи Анзоб
Шамоли кӯҳ меояд, ки дорад бӯи боронҳо.
Гули бодом дар гесӯву ҳулбӯ дар баногӯшаш,
Ба гардан чанбаре аз ҷамбили кӯҳиву торонҳо.
Ба дарё мезанад паҳлӯ, ба шахҳо сина мекӯбад,
Ба қадди обшорон бо ҳазор оҳанг мепечад.
Ба мисли кӯдакони деҳ зи шавқи рустаконбозӣ
Аз ин харсанг мехезад, ба он харсанг мепечад.
Навозиш мекунад ожангҳои рӯи дарёро,
Чанорони лаби дарё ҳама шукри замин доранд.
Дарахтонро чи рақси шӯху мавзунест, пиндорӣ
Гурӯҳи духтари кӯлобӣ рақси остин доранд.
Нафасҳои яхолудаш ҳавои кӯҳро монад,
Ки гӯӣ аз диёри беғаму андӯҳ меояд.
Шамоли кӯҳ меояд ба шаҳри пурғубори мо
Шамоли рӯҳ меояд, сафои кӯҳ меояд…
* * *
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.
Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.
Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин1 бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим2 рӯи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.
Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менӯшамаш ба шодӣ бо кулли мардуми даҳр
Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!
1977

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail