ИЛТИҶО ҚАБЛ АЗ ТАРКИ ДУНЁ

Агар ман мурдаам,
гӯшам мешунавад.
Ҳар чӣ аз дил ояд, бигӯед,
мешунавам дар гӯр ҳам
фарёди шуморо,
навҳаву мӯя,
оҳу доди шуморо.
Чашмонам баста,
забонам гиреҳхурда,
мағзам сокит,
бӯеро намешунавам,
дилам таркида,
ҳама аҷзоям қатъан орамида,
аммо шунавоим зинда,
гӯш ба садои шумо дорам.
Ҳар чӣ аз дил ояд, бигӯед,
агар бад будам, агар нек,
агар хом будам, агар не,
агар муҳим будам ё ночиз,
агар қодир будам ё оҷиз
бигӯед бериё
то бидонам сазоворам ё на
ба дуои шумо,
ба як бел хоке,
ки меафканед
ба боми гӯрам.
Ҳар чӣ бигзарад аз дилатон,
бигӯед
дар сари хокам,
то барои охирин бор
садоҳоятонро шунида,
ором бихуспам
бо дили пок
дар дили хок.
На, нагирйед, эй дӯстон,
ки шод шавад аҷал!
Шеър бихонеду ғазал,
тарона бизанед,
занги ҷомҳоро баланд кунед,
эй бародарон,
эй симбарон,
ки ман замоне
ҳамдилатон,
ҳаммаҳфилатон,
балки пуршӯртарин
ҳамсоғаратон будам.
На, ҳаргиз магӯед
раҳо шуд аз савдои дунё,
ман дар дили хок ҳам
ба ёди шумоям.
Садо кунед,
то вопасин бор
садои шуморо бишнавам
ва осуда сар бигзорам
ба болини қиёмат
ва мутмаин бошам,
ки бе ман ҳам
шумо дилшоду масруред
ва шукри борӣ,
ки берун аз гӯред
ва бидонам, ки зиндагӣ
дар вуҷуди шумо
ҷӯш мезанад,
давом мекунад.
Дил ба дарё занед
бидуни гиря,
бидуни оҷизнолӣ,
шӯру ғавғо кунед,
то охирин тӯшаи ман
ба дили хок
садои шавқу шодӣ,
садои шӯрангези шумо бошад.
Агар ман мурдаам,
якчанд сония
пас аз марги танам
гӯшам мешунавад,
зеро аз эҳсоси инсон –
эҳсоси панҷгона –
биноӣ,
бӯёӣ,
чашоӣ,
шунавоӣ,
басовӣ –
охирин
шунавоӣ мемирад.
Аз ин рӯ, ба ҷон мехоҳам
садоятонро бишнавам
ва бо садои шумо
ба водии бесару садои хамӯшон
биравам…
26.2.1983

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail