ИЛТИҶО АЗ СИМУРГ

Маро бибар ба ҷаҳони муназзаҳу равшан,
Ки покро сари парвоз ҷониби покист.
Зи арши нур бигирад фурӯғ синаи ман,
Агарчи покдилеро замин ҳам афлокест.

Маро бибар ба сипеҳри баланду нуронур,
Ки рафтанам ба ту бо худ расидан аст имрӯз.
Аз ин насибаи мушкил намешавад маъзур,
Ки мекунӣ ту маро бар муҳоли ман пирӯз.

Туро ки ҳеҷ гарон нест сайри олами роз,
Чаҳор гӯшаи офоқ бо ту манзур аст.
Маро бидеҳ ту паёме аз осмони фароз,
Маро бибар ба диёре, ки зулматаш нур аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail