ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН

Найзабозӣ андар ин куҳҳои танг
Найзабозонро ҳамеорад ба нанг.
Мавлавӣ
Камонмардон!
Камон аз дӯш бигзоред,
Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред!
Ки аз тири заминиву ҳавоитон
Ҳавои зиндагимон нест.
Зи барқи тиратон шабҳо
Сафои зиндагимон нест.
256 Лоиқ Шералӣ
Ҳама тире, ки андар тирдон доред,
Ба қалби ман бияндозед,
Ба ҷони ман фурӯ резед,
Ҳамин як қалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад,
Валекин ҷони мардум дар амон бошад.
Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест,
Фардо Модари тоҷик
Ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз.
Басо мушфиқ, басе ошиқ,
басе содиқтаре аз ман биёрад боз.
Камонмардон!
Худо дар синаҳотон раҳм андозад,
Камон аз дӯш бигзоред,
Ба ёди куштагони дӯш бигзоред.
Ҳама тиру камон бинҳед,
Ба мо тири амон бидҳед.
Ҳама тиру камон бинҳед,
Ба мо давру замон бидҳед.
Камонмардон!
Яқин донед,
Ки ин тоҷик куштан аз ду ҷониб
дар ду дунё қаҳрамонӣ нест,
Ки чун ин ҷанги нангини шумо
дар ҳеҷ таърихи ҷаҳонӣ нест,
Ва аз ин шумтар, аз ин табаҳтар достоне нест.
Шумо чун хуни ҳамдигар ҳамерезед,
Душман мешавад пирӯз бар мо бесилоҳу ҷанг.
Шумо чун тухми ҳамдигар ҳамесӯзед,
Душман мешавад пирӯзтар беҳангу бесарҳанг.
Агар ҳоло намефаҳмед,
Рӯзе нек мефаҳмед, ки тире аз камон рафтаст,
Ва рӯзе нек мефаҳмед, ҳар тире, ки афкандед,
Ба мағзи устухони тоҷикон рафтаст.
Шумо як рӯз мефаҳмед,
Ки худ ёрӣ ба душман кардаед, эй вой!
Ки худ бунёди меҳан кандаед, эй вой!
Камонмардон!
Агар хоҳед фардоро ба даст оред,
Камон аз даст бигзоред!
Агар хоҳед рӯҳеро наёзоред,
Камон аз даст бигзоред!
* * *
Эй табиби ҳозиқи ман!
Дар набарди зиндагию марг ҳастӣ
посбони зиндагӣ.
Дар ҷидоли умрҳо ҳастӣ ту ҷони зиндагӣ.
Ҳам зи модар, ҳам зи ту бошад давоми наслҳо,
Ҳам зи модар, ҳам зи ту поянда номи наслҳо…
Бо ту дасти ҳозиқи ҷонофарин
Рӯзи тавлидам маро бардоштӣ.
Хостӣ аз баҳри ман роҳи сафед,
Хилъати испед дар бар доштӣ.
Кардӣ истиқбол тақдири маро,
Пешкаш кардӣ бароям ин ҷаҳон.
Пешкаш кардӣ бароям корзор –
Корзори рӯзгори зиндагон.
Лек рӯзе чун зи дунё бигзарам,
Боз оӣ бар сари болини ман.
Бишмарӣ набзи маро дар назъи ҷон,
Бо забони хуш диҳӣ таскини ман.
Бо ҳамон хилъат, ки дар бар доштӣ
Рӯзи бар дунё қадам бинҳоданам,
Бар сарам оӣ ту ҳам ҷон рӯи каф
Рӯзи баҳри зиндагӣ ҷон доданам.
Дида будӣ гиряҳои аввалинам,
Боз бинӣ охирин пайғоми умрам.
Ибтидоям дида будӣ,
Бинӣ ҳам фарҷоми умрам.
Ҳам гирифтӣ пешвозам,
Ҳам шудӣ ту бонии умри дарозам,
Ҳар гаҳе, ки медиҳад дунё ба бодам,
Боз гӯӣ хайрбодам…
Эй табиби ҳозиқи ман!
Бе ту душвор аст аз модар ба дунё по ниҳодан,
Бе ту душвор аст дар паҳнои дунё
пар кушодан,
Бе ту душвор аст осон ҷон супурдан,
Бе ту душвор аст мурдан!..
* * *
Эй обшори дур,
Эй обшори нур.
Бар доди ман расед,
Ман дилшикастаам,
Ман пири хастаам.
Эй дӯстони дил,
Омад хазони дил,
Бар доди ман расед,
Ман дилшикастаам,
Ман пири хастаам.
Эй рӯҳи модарам,
Дасти бародарам,
Бар доди ман расед,
Ман дилшикастаам,
Ман пири хастаам.
Гар кӯҳна ё навед,
Филҳол по шавед,
Бар доди ман расед!
Ман дилшикастаам,
Ман пири хастаам.
4.9.199

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail