ИМОН

Аз чист ки, эй халқи сухансозу хирадманд,
Дигар ҳавасу ҳавсалаи шеър надорӣ?
Чун шеъри асил аст зи эҷоди Худованд,
Гар кори Худо пос надорӣ, ба чӣ корӣ?

Қадри сухани поку худоёна намонда,
Бӯҳтон ба забон, фанд ба лаб, кизб навишта.
Ҳар дӯзахие, к-аз дари дӯзах шуда ронда,
Гӯяд сухан аз номи биҳиштию фаришта.

Як бехабари кунд кунун оқилу доност,
Яктои замон, илму ҳунар, мулку сиёсат.
Ӯ риши бузе дидаву пиндошт, ки муллост,
Акнун талабад давлату курсии раёсат.

Гаҳ ҳамчу вакилон занад ӯ ҳарф зи минбар,
То ин ки намояндаш аз ойинаи нилӣ.
Ронанд зи минбар, нашавад сархаму музтар,
Ҳарчанд хурад қарсаки толор су силӣ.

Эй халқ, ту ҳоло ҳама инро бидиҳӣ гӯш,
То гӯш кунӣ шеър, ки ҳайфи туву ман нест?!
Шавқи ту фазояд, кунӣ аз хеш фаромӯш,
Гарчи сухани беғаму берӯҳ сухан нест.

Ҳоло ҳама савдои сиёсат,
Савдову сиёсат,ик аз ин ҷост ҳама хом.
Шоир, ки ба онон набарад зарраи ҳоҷат,
Туф карда ба савдову сиёсат сари илҳом,

Ҷӯяд самарии рӯзи азал аз ғазали хеш,
Эй халқ, зи рӯзи азали хеш машӯ даст.
Дар асли худу мояи оғоз биандеш,
Яздони ту шоир буду имони ту шеър аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail