ИМОНИ ДИЛ

Ишқат имони дилам, қиблаи имони дилам,
Зулфи чун силсилаат силсилаҷунбони дилам.
«Санаме, санаме,
Дара бикшо, манаме».
То ба кай пушти дарат
Ҳалқа бар дар занаме.
Дара бикшову нигар ҳоли парешони дилам,
Таби сӯзони дилам, шуълаи печони дилам.
Санаме, санаме
Дара бикшо манаме.
То ба кай пушти дарат
Ҳалқа бар дар занаме.
Бе сари кӯи ту овораю сарсони дилам,
Бе сари зулфи ту як бесару сомони дилам.
Санаме, санаме
Дара бикшо манаме.
То ба кай пушти дарат
Ҳалқа бар дар занаме.
21.11.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close