ИМОНИ САГ

Дошт сайёде саги тозии пир,
Нотавону хастаҷону гӯшагир.
Як сабад ҷойе гирифта хоб буд,
Қудрати сайдаш набуд, нотоб буд.
Кард шукри соҳибашро, ҳар чӣ дод,
Аз насиби худ ба юндӣ буд шод.
Соҳибаш гуфто, ки нодаркор ӯст,
Чун надорад хидмате, сарбор ӯст.
Кард фарёду бибурдаш сӯйи дашт,
Саг аз ин рафтори соҳиб шод гашт,
То тавонад охирин хидмат барад,
Назди соҳиб нони беминнат хурад.
Гӯшҳояш сих сӯйи бонги тир,
Рост шуд, омодаи дав – сайдгир,
То ки орад зуд сайди соҳибаш,
То ки бошад боз соҳиб толибаш.
Шуд баланд овози тиру он ҷаҳид,
Гуфт: «- Оваҳ, сайди сайёдам раҳид.
Тири соҳиб хӯрд дар ман аз хато,
Ӯ маро аз пой афканд аз қазо… »
Хунчакон омад ба пеши пойи ӯ,
То ба пойи ӯ бимолад чашму рӯ.
Дар ҳамин имони худ ҷон дод саг,
Соҳибаш бар марги ӯ овард шак.
Бори дигар тир зад бар синааш,
Тир зад бар дӯсти деринааш.
Монд дашту монд имону шаке,
Монд тиру монд инсону саге.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail