ИРЪАВНИ УСТУХОНӢ

Дорӣ ғурури хушке, дорӣ шуури хушке,
Фиръавни нотавонӣ, фиръавни устухонӣ!
Бо мардумон расидан, з-онон ғаме кашидан
Номат наметавонад, ҳам худ наметавонӣ.
Ман аз сукути сардат хондам сукути мурда,
Шукри замон, ки мардум зиндасту зиндагисоз.
Шукри замон, ки фардо марбути чун ту кас нест,
Шукри замон, ки дорад майдони сеҳру эъҷоз.
Аз дӯстон буридӣ бо дӯст норасида,
Ҳастӣ ту дар ҳама ҷо, ҷое нишони ту нест.
Гӯё ки ин ҷаҳонро ту кардаӣ ҷаҳон, лек
Ҷустам ҳама ҷаҳонро, бӯе ҷаҳони ту нест.
Ҷонам тасаддуқи ту, кардам тааммуқи ту,
Дорӣ шиновариҳо дар мурдаоби ганда.
Бут метарошӣ аз худ рӯзи дарозу шабҳо
Дар хоби канда-канда мебинӣ хоби ганда…
Аз осмон ситора гирӣ ба вақти мастӣ,
Ҳангоми ҳушёрӣ андар кафат хасе нест.
Дар мансаби баландат ҳастанд дар камандат,
Рӯзони тирабахтӣ дар паҳлуят касе нест.
Корест сахту сангин маҷлиснишинӣ, аммо
Маҷлиснишинӣ кардӣ, болонишин набудӣ.
Пур шуд пилони пахта, пур шуд пилони ваъда,
Дигар паи давои захми замин набудӣ.
Ҳарчанд ҳастӣ сарвар дар мулки шеърпарвар,
Як шеър ҳам нахондӣ, оҳанге нашнавидӣ.
Нанҳодӣ пой боре бар остони шоир,
То боргоҳи Маскав сад раҳ ба сар давидӣ.
Маърӯзае накардӣ бо лафзи модарӣ, лек
Маърӯзаҳот рангин аз ранҷи модарон аст.
Зардина ранги онон аз офтоби сӯзон,
Он ахтари тилоит аз ганҷи модарон аст.
Аз мулки офтобӣ бо ифтихор гуфтӣ,
Аммо зи хомии худ боре сухан накардӣ.
Сад кӯҳ пахта додӣ аз номи кӯҳсорон,
Бар модари худ аз он як пираҳан накардӣ.
Медонамат ба ҳар ҳол аз даври «хокбозӣ»,
Фиръавни нотавонӣ, фиръавни устухонӣ!
Будӣ ҷавони поке, бебоку тобноке…
Эй ҳайфи он ҷавонӣ, он фарри хусравонӣ!
20.11.1988

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail