ИШҚИ СИНАСӮЗ

Бе ту набуд ранге
Дар гулшани баҳорам.
Бе ту набуд барге
Дар боғи рӯзгорам.
Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
Бе ту надошт шӯре
Дарёи зиндагонӣ.
Бе ту ҷавон набудам
Дар қисмати ҷавонӣ.
Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
Бе ту ба ҳар мақоме
Ҳарчанд сохтам ман,
Чун сӯхтӣ диламро,
Дилро шинохтам ман.
Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
17.10.1973

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail