ИШҚИ ТУ

Бо ёди ту, эй моҳи нав,
Ман оҳу ғампарвардаам.
Дар роҳи ишқи ту гарав
Ҷони ҷавон овардаам.
Биншин ба паҳлӯям каме,
То рози худ гӯям даме.
Тақдири ман, омоли ман
Пайваста бо паймони туст.
Дунёи истиқболи ман
Обод бо дастони туст.
Бошад, шавӣ ҳамқисматам,
Ҷононаи хушқоматам.
Оғози ман, анҷоми ман
Дар олами беинтиҳо.
Ёди ману пайғоми ман
Ишқи ту бошад, дилбаро!
Ишқат амонам медиҳад,
Ному нишонам медиҳад.
1.2.1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail