ИШҚИ ДУХТАРИ ҚАЗОҚ

Як шаби ишқ туро бахшидам,
Гуфтию шона задӣ мӯйи баланд.
Дида он шоназанӣ дар дили ман
Тапиши ишқи ту мешуд садчанд.

Гуфтиям: «Халқи маро расме ҳаст,
Авул ояд чу ҷавонмарди писанд,
Дили мардум ба ҳунар об кунад,
Беҳтарин духтарак ӯро бидиҳанд.

Хушам омад сухани дилҷӯят,
Ман ба он одати халқи ватанам
Як шаби ишқ туро бахшидам,
Як шаби ишқ чӣ, ин ҷону танам.

Кош будӣ алафи навруста,
Дашти ҳамвору самои нилӣ,
Ҳама шаб хӯшаи Парвин равшан
Ба сари ҳар дуи мо – кандиле.

Тавсани ишқи гурезонам, ёр,
То ба ин шаб ба чӣ даште, ки бигашт.
Кош, дар дашт туро ёфтаме,
То ту бишохтиям, духтари дашт!

Ҳар чӣ шуд, хуб! Намонд армонам,
Дар барии шоири худ сӯхтаам.
Баъд аз ин рӯзам агар гашт сиёҳ,
Аз шаби ишқи ту афрӯхтаам.

Зодаи даштам агар будӣ ту,
Будӣ алҳақ йигити човандоз.
Ту ки фарзанди куҳистон будаӣ,
Тую кӯҳу манну он дашти дароз…»

Лаб бубастӣ зи сухан, дар дастам
Домани дашти ҳавасҳои ту буд.
Зиҳӣ он мардуму он бахшоиш,
Ки туро доду дил аз ман бирабуд!

***
Чаман шукуфт, азизон, ба гул назора кунед,
Чу гил нахӯрда шуморо, ба гул канора кунед.
Чу бед дар лаби ҷӯ зулфи худ дар об андохт,
Зи бӯсаи лаби дилбар чӣ истохора кунед.
Агар баҳори табиат ба сол як бор аст,
Шумо баҳори дили хеш бешумора кунед.
Чу ошиқони хасак рози худ ниҳон доранд,
Шумо ба ҳар ду ҷаҳон ишқ ошкора кунед
Чу кардаҳои шумо беҳ зи бурдаҳои шумост,
Ба нури дидаи фардо ба худ назора кунед.
Расад пиёдараве бар мақоми фарзинӣ,
Магар сазад, ки ҳасадҳо ба ҳар савора кунед.
Агар ситораи давлат нагуад насиби шумо,
Ба сина аз дили сӯзони худ ситора кунед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close