ҶАҲОН РОЗ АСТ

Асрори азалро на ту дониву на ман.
Умари Хайём
Манам инсону фарзанди замонам,
Ҷаҳон роз асту ман кашшофи онам,
Агар ин кор аз дастам наояд,
Ба дӯши зиндагӣ бори гаронам.
* * *
Вуҷуди ман шаҳиди сӯзу соз аст,
Ҷаҳони ман пур аз накшуда роз аст,
Барои банди ҳар розаш кушудан
Талошу ранҷи ман дуру дароз аст.
* * *
Агарчи аз азал будам замингир,
Маро хуршедпарвар кард тақдир.
Фалак дар ҳайрат аст аз ҳикмати ман,
Ки то хуршед раҳ бикшодам охир.
* * *
Аё мурғи саҳар, бинмой парвоз,
Расон бар Ҳофизи хушхони Шероз,
Ки вақти хушёрӣ бар ситора
Намудам ҳукму кардам бар фалак ноз!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close