ҶАҲОНИ НАЗМ ИН ҶОСТ

Ба хотираи устод Абдурахмони Ҷомӣ
Биё, Ҷомӣ, ки номат ҳифзи ҷонҳост,
Саноят ҷавҳари теғи забонҳост.
Зи атрат номаҳо анбарфишонанд,
Зи шеърат хомаҳо шаккарзабонанд.
Намуда орзу, гуфтӣ замоне,
Ки гӯё хаст дар олам ҷаҳоне,
Ки дар он не тавонгар, на фақир аст,
Халоиқ бар сари нафсаш амир аст,
Дили пурмеҳрашон аз кина холист,
Бар эшон дӯстӣ мақсуди олист…
Баҳори орзуят гул ба сар шуд,
Адолат бар ҷаҳолат коргар шуд.
Нигар бар Тоҷикистон, эй накӯном,
Ки бар ту пешкаш ин сарзамин аст.
Ҷаҳоне, ки туро бахшид илҳом,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Дар ин ҷо шӯълавар хуршеди шоир,
Зи нураш дидаю дилҳо мунаввар.
Шукуфта гулшани уммеди шоир,
Димоғи дӯстон аз он муаттар.
Дар ин чо дасти шеъру ишқ болост,
Биё, Ҷомӣ, ҷаҳони назм ин ҷост.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close