Ҷамолат офтоби ҳар назар бод

Ҷамолат офтоби ҳар назар бод!

Зи хубӣ рӯйи хубат хубтар бод!

Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро,

Дили шоҳони олам зери пар бод!

Касе к-ӯ бастаи зулфат набошад,

Чу зулфат дарҳаму зеру забар бод!

Диле, к-ӯ ошиқи рӯят набошад,

Ҳамеша ғарқа дар хуни ҷигар бод!

Буто, чун ғамзаат новак фишонад,

Дили маҷрӯҳи ман пешаш сипар бод!

Чу лаьли шаккаринат бӯса бахшад,

Мазоқи ҷони ман з-ӯ пуршакар бод.

Маро аз туст ҳар дам тоза ишқе,

Туро ҳар соате ҳусни дигар бод!

Ба ҷон муштоқи рӯйи туст Ҳофиз,

Туро дар ҳоли муштоқон назар бод!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail