ҶАШНИ ФАРХУНДАИ ФАРВАРДИН АСТ

Ҷашни фархундаи фарвандин аст,
Рӯзи бозори гулу насрин аст.
Об чун оташи удафрӯз аст,
Бод чун хоки абирогин аст.
Боғ пероста гулзори биҳишт,
Гулбун ороста хур-лу-ин аст.
Бурҷи Савр аст магар шохи суман,
Ки гулашро шабаҳи Парвин аст.
Гар дабистон зи фурӯғи лола
Гӯӣ Оташкадаи Барзин аст,
Беша аз сабзаву аз ҷӯю дарахт,
Чун замини дигар аз Ғазни аст.
Об чинёфта дар ҳавз зи бод,
Ҳамчун паргори ҳарири Чин аст.
Бати чинӣ, ки пиёдаст дар ӯ
Чун пиёдаст, ки бо наъли аст?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close