ҶАШНИ ҲАЖДАҲСОЛАГӢ

Шеър барои зодруз

Кӣ аз модар ду бор таваллуд шудааст?
Кӣ ду бор кӯдак будааст?
Кӣ ду бор ба ҳаждаҳ даромадааст?

Нестӣ нахли дубар, эй нозанин,
То ки ҳар соле ду раҳ бор оварӣ,
Бишкуфӣ ду бор, ёбӣ ду баҳор,
Зиндагии тоза такрор оварӣ.

Як баҳору як гулу як навбатест
Баҳри мо дар зиндагии одамӣ.
Ҷовидона чарх мегардад замин,
Чарх мегардем дар он мо даме.

Гар фитад аз осмон исторае,
Ҳамчу ашки оташини осмон,
Дор онро дар кафи дастони худ,
Барфурӯзаш чун чароғи хонадон.

Дидаӣ гулбаргборони баҳор,
Гирдбоди қисмати гулзорро?
Ҳусни одам низ чун гулбаргҳост,
Мешавад бар роҳҳо барчошҳо.

Гил агар бошад, бирӯяд боз гул,
Ҷовидон бодо русуми дилбарӣ!
…Нестӣ нахли дубар, эй нозанин,
То ки ҳар соле ду раҳ бор оварӣ.

Ин пагоҳӣ субҳ баҳри ту дамид,
Ҳамчу рӯи ту дурахшону сафед.
Гӯӣ нав огоҳ шуд аз ошиқӣ,
Лаззати оғӯши дунёро чашид.

Бо ту гӯё шуд таваллуд оламе –
Олами гулбозию дилбозиҳо.
Бо ту гӯё ибтидо шуд роҳи нав –
Роҳи худкобию сарафрозиҳо.

Бо ту ҳамсол аст имрӯз офтоб,
Ҳамсафи ту абру барқу жола аст.
Ин ҷаҳону ин замину осмон
Мисли ту имрӯз ҳаждаҳсола аст…

18.1.1967

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close