ҶАВОБ БА НОМАИ ЯК ДУХТАРИ ФУРӮХТАШУДА

Ба ҳоли ту дилам месӯзад аз дур,
Ки дар даврони озодӣ асирӣ.
Ҳама олам паи озодӣ кӯшад,
Ту ҳоло ҳам заифию фақирӣ.
Дар он як гӯшаи дури куҳистон,
Ки ҳар сангаш бихонад шукри даврон,
Асири расми бобоӣ шудӣ ту,
Қалам дар каф, бароят сӯзадам ҷон.
Дилам сӯзад, ки андар кишвари ишқ
Ту на аз ошиқӣ девона гаштӣ,
Намондӣ берун аз ҳадди падар пой,
Фидои сандуқи маҳрона гаштӣ.
Туро бифрӯхтанд арзон ба як ҷав,
Агарчи ганҷи дунё як ҷаве нест,
Туро одам бизоданду надидӣ,
Ки эшонро ғами одамшавӣ нест.
Бихондӣ саргузашти комсомолон,
Садоқатмандии он безаволон,
Валекин боз ҳам сархам нишастӣ
Ба ҳукми волидон – «соҳибкамолон».
Газида нӯги рӯмолат ба дандон,
Нагуфтӣ ҳеҷ ҳарфи шӯру исён.
Ту бар тақдири худ тан додӣ, афсӯс,
Нарафтӣ аз паси маҷрои даврон.
Нашӯридӣ, ба худ печида мондӣ,
Ҳамон як пошикаста, хоҳари ҷон.
Наяфкандӣ ба нерӯи ҷавонӣ,
Ниқоб аз чеҳраи духтарфурӯшон.
Нагуфтӣ, эй падар, парвардӣ бо ноз
Маро бо орзуҳо дар бари худ,
Агар бифрӯшиям имрӯз, баргӯй:
Чӣ хоҳӣ ёфт ҷои духтари худ?
Нагуфтӣ: эй падар, эй қиблагоҳам,
Бимирам пеши рӯят, пеши поят,
Касе, ки духтари худро фурӯшад,
Чӣ сон аз ӯ ватандорӣ барояд?
Нагуфтӣ: эй падар, эй решаи ҷон,
Чу ҳоло духтаратро мефурӯшӣ,
Яқин дорам аз ин арзонфурӯшит,
Ки рӯзе кишваратро мефурӯшӣ.
Нагуфтӣ: эй падар, даврон дигар шуд,
Даме бар ман ба мушти пар биандеш.
«Падар розӣ – худо розӣ» бигӯӣ,
Худо дигар, падар дигар, биандеш!
Арабро бин, ки садҳо сол то ҳол
Шабу рӯзон худоро илтиҷо кард.
Худо гуфт ӯ, худо гуфт ӯ ҳама умр,
Вале Амрику Исроил чиҳо кард?!
Худо гуфт ӯ, худо гуфт ӯ ҳама умр
Намозу рӯзааш суде наовард.
Худо ёрӣ накарду ибрие чанд
Заминашро ба ҳукми худ раво кард.
Нагуфтӣ: эй падар, донӣ ки дунё
Кунун ҷавлонгаҳи озодагон аст.
Бишуд аҳде, ки дилдорӣ гунаҳ буд,
Кунун аҳди дилу дилдодагон аст.
Чӣ гӯям беш аз ин, эй хоҳари ман,
Ҷавоби номаи андӯҳборат?
Агарчанде фурӯшандат, нигаҳ дор
Ту қадри ҳусну шаъну эътиборат.
Чӣ гӯям беш аз ин, эй содагумроҳ,
Ҷавоби қисмати носозгорат?
Ба рағми ин хазонакҳои даврон
Ғанимат дон шукӯҳи навбаҳорат.
Ту аз ман хостӣ имдоду ёрӣ,
Ту аввал ёри худ, имдоди худ бош!
Туро озод кард Октябри Аъзам,
Ту акнун соҳиби озоди худ бош!
Ту аз ман хостӣ ёрӣ чу шоир,
Чу шоир – «ҳазрати мушкилкушое».
Чи осон буд посух додани ман
Агар буд номаи ту дилкушое…
Ҷавоби номаи пуризтиробат,
Навиштам изтироби хотири хеш.
Фурӯ рафтам чу андар мушкили ту,
Бидидам сад ҳазорон мушкили хеш.
Гар ин шеърам расад рӯзе ба дастат,
Бидон, ки ман дуогӯи ту ҳастам.
Агар худро раҳо кардӣ зи варта,
Бидон, ки ман саногӯи ту ҳастам.
17.3.1983

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail