ҶАВОНӢ

Шеър ба дӯстам Меҳр

Ману ту ҳар ду ҷавонем, рафиқ,
Шоҳиди фасли ҷавонии ҳамем.
Роҳ яктост, вале дил як нест,
Дил яку тобеи ду ранг ғамем.

Он чӣ ноёб бувад, меҷӯем,
Он чӣ пайдост, намегиремаш.
Он чӣ расм аст, насозем писанд,
Накунем иззаташу такримаш.

Баски дар ҷадвали раҳкобӣ, рафиқ,
Раҳи худро на зи раҳ мекобем.
Пеш аз он ки зи худ оғоз шавем,
Бош, то охири худ дарёбем.

Зинда дар олами худ сохтаем
З-олами сохта кам огоҳем.
Шояд аз худ нагузорем нишон
Ин қадар ҳаст, ки мо мехоҳем…

Тарсам аз он ки дар ин олами худ
На ба худ на ба дигар бидҳем рӯз.
Тарсам аз он ки ба анҷом расем
Нек оғоз нагардида ҳанӯз.

Дур… аз мо чӣ қадар дур замин
Гарчи вай дар таҳи по якрӯест.
Дурии мост на аз худхоҳӣ –
Зинаҳои раҳи инсонҷӯист.

Наравем аз ваю бар вай нарасем,
Биравем аз ваю бар вай бирасем.
З-ин расидан нафизояд суде,
Замин аз мо набипурсад: чӣ касем!

Бадии мост ба ёди некӣ,
Нуқси мо машқи накӯкориҳост.
Баски моро на зи мо сохтаанд,
Суди мо узри гунаҳкориҳост.

Сари мо сабзу баланд аст ҳанӯз,
Пои мо қуввати рафтан дорад.
Чун таронаст ҳақиқат ба забон,
Кай варо азми нуҳуфтан дорад.

Қаърро гарчи зи соҳил дидем,
Беҳтар аз баҳрнавардон донем.
Шарт не рафтану дидан онро,
Мо варо аз нигаҳе мехонем…

Ману ту ҳарду ҷавонем, рафиқ,
Шоҳиди фасли ҷавонии ҳамем.
Дар тапишгоҳи ду-серӯзии умр
Зи дигарҳо на зиёду на камем.

12.1.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close