ҶАВОНОН РӮЙ ДАР САҲРО НИҲОДАНД

Саҳаргоҳон, ки абри навбаҳорон
Ба ишрат хайма зад бар кӯҳсорон,
Бисоти кӯҳ шуд аз лола худранг,
Баромад лаъли сероб аз дили санг.
Ба ишрат хост наргис пеши лола,
Пиёла дошт бар рӯйи пиёла.
Ба хам шоху самар таббеҳхон шуд,
Бар ӯ мурғи саҳар асрордон шуд/
Ҷавонон рӯй дар саҳро ниҳоданд,
Чу гул бар сазайи тар по ниҳоданд,
Чу наргис ҷоми зари баргирифтанд,
Шароби лаълро дар зар гирифтанд.
Дар он фархундарӯзи оламафрӯз
Ба гашти сабзайи гулгашти Наврӯз
Бутон ҷамъеву муштоқон гурӯҳе
Гузар карданд бар болойци кӯҳе…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail