ҶОМИ ДИГАР

Ин манам бохтадил,
Ошиқи ҷонбагарав –
Ошиқи тозагуле
Аз ҳама куҳнаву нав.
Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар,
Ки дилам хун шуда аз ишқи гуландоми дигар.
Меравам хандазанон,
Дар дилам нолаи ишқ,
Зоҳиран марди бузург,
Лек бечораи ишқ.
Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар,
Ки дилам хун шуда аз ишқи гуландоми дигар.
Эй, ки ғафлатзадаӣ,
Ошиқӣ мегузарад.
Аз раҳи шеъру суруд
Лоиқе мегузарад.
Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар,
Ки дилам хун шуда аз ишқи гуландоми дигар.
17.12.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close