ҶОН ДУХТАРАКИ ҚИРҒИЗ

Гулчеҳраи хандон аст,
Зебандаи даврон аст,
Дар саҳнаи хушбахтон
Рақсону ғазалхон аст, –

Ҷон духтараки қирғиз,
Тоҷи сараки қирғиз!

Дар фабрика устоз аст,
Номовари колхоз аст,
Аз мешнати озодаш
Хурсанду сарафроз аст, –

Ҷон духтараки қирғиз,
Тоҷи сараки қирғиз!

Дирӯз муаммо хонд
Рози дили кайҳонро,
Олим шуда бо ҳикмат
Имрӯз кушод онро, –

Ҷон духтараки қирғиз,
Тоҷи сараки қирғиз!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close