ҶОНАМ ФИДОИ ТУ ШАВАД

Меҷӯям ӯро субҳу шом,

Ҷонам фидои ӯ шавад.

Хуб нест миёни мову ӯ,

Дурӣ ба қадри мӯш шавад.

Кай мерасад бӯе зи вай?

Ки кӯи мо хушбӯ шавад?

Як номи вай Ҳу аст агар,

Ҷонам фидои Ҳу шавад.

Рӯзе, ки дилро мебарад,

Ин дил аз они ӯ шавад.

Зикри зиёд гуфтан маро

Шояд аз пас хӯ шавад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail