ҶОНИ ҶОНОН

Наззора кун ба рӯяш, ҷонон итоб дорад,
Аз рӯи одати худ бар рӯ ниқоб дорад.
Ҳар як нигоҳи ошиқ чандин савол дорад,
Ҳар як нигоҳи маъшук ширин ҷавоб дорад,

Ман дарди дил нависам дар дафтари хаёлат,
Таҳлили ин суҳанҳо садҳо китоб дорад.
Дар зиндагӣ гуноҳе нокарда кас набошад,
Дар ишқ ҳа гуноҳе хеле савоб дорад.

Лабҳои нозуки ту ташвиши ташагонад,
Ҳар ташналад, ки бинад, гӯяд ки об дорад.
Чашмони ҷодувонат масти шароби ишқан,
Бечора ин дили манн бӯи кабоб дорад.

Боғи муҳаббати ту бӯи ҷаноӣ дорад,
Сад ҳайфи умр гӯям, яз бас шитоб дорад.
Аҳволу ҳоли худро, Гӯё, бигӯ ба ҷонон,
К-ин ҷони ҷони ҷонон гӯё хитоб дорад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail