ҶОНОНА

Ҷонона, ту зебоӣ,
Хушгӯю дилорӣ.
Ҳар лаҳза туро хоҳам
Дар лаҳзаи танҳоӣ.

Ҷонона, туро ҷӯям,
Ҷонона, туро бӯям.
Ҷонона, биё сӯям
Дар лаҳзаи танҳоӣ.

Рафта бар лаби дарё,
Бо хеш бигуфтам ман,
Дар манзари ин дунё
Якто ту дилороӣ.

Бишнав ту дуруди манн,
Бишнав ту суруди манн,
Бингар ту ба рӯи манн,
Ҳар лаҳза агар хоҳӣ.

Ғамҳои туро Мирзо
Дар дидаву дил дорад.
Бо нози ту меболад
Дар лаҳзати танҳоӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close