ҶӮИ НАВ

Дил ин ки табаҳ шуд ки шавад шоду нашуд – шуд,

Хун шуд ки шавад аз қафас озоду нашуд – шуд.

Гар халқ ҷигарсухта гардид ки хокаш

Аз ҷӯи саодат шавад ободу нашуд – шуд.

Пур шуд агар аз дод фазо к-аз асари он

Холӣ шавад  ин хона зи бедоду нашуд – шуд.

Ин низ ки шуд рехта хунҳои гиромӣ

То халқ шавад дар зафар устоду нашуд – шуд.

Ин ҳам ки ба дарёи алам ғарқа бишуд ҷон

То ҷаҳл шавад яксара барбоду  нашуд – шуд.

Шуд обилапо халқ расад то ба навое,

Беғам шавад; ар дарбадар  афтоду нашуд – шуд.

1947.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close