КАБКИ ДАРӢ

Эй кабки дарӣ, ту будӣ озод,
Дар сар-сари санг мепаридӣ.
Дар қуллаи пойпораи кӯҳ
Аз ҳеҷ касе намерамидӣ.

Мехондӣ суруди ҳастиятро
Бо қаҳқаҳае ба гӯши кӯҳсор.
Ҳам бозии оби чашмасорон
Буданд раҳо зи ранҷу озор.

Аз дур шунида хонишатро
Сайёди ғаюр чашмзад кард.
Сӯи ту нишон гирифт бо ҳирс,
Аз баҳри ту дом беадад кард.

Эй кабки дарӣ, ту будӣ озод,
З-овози худат фитодӣ бар дом.
Эй кош ки бесифат будӣ ту,
Эй кош ки будӣ санги беном.

18.11.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail