Калиди асрор

Хонабардӯшам калиди ризқ по бошад маро,
Гирдбодам гардиши сар осмон бошад маро…
Хайма барпо кардаам ба рӯйи дарё чун хубоб,
Рӯзии ҳаррӯза аз мавҷи ҳаво бошад маро.
Абри беборон зи дарё мекашад шармандагӣ,
Чашми бенам косаи дасти гадо бошад маро.
Медиҳад килкам пас аз ман ҳарзагӯёнро ҷавоб,
Хамчу нофармонзабоне дар қафо бошад маро.
Барги коҳе ҳам намеояд зи сӯйи Каҳкашон,
Бо вуҷуди он ки ранги каҳрабо бошад маро.
Дузд ҳаргиз дар камини хонаи дарвеш нест,
Пераҳан дар бар зи нақщи бурё бошад маро.
Дил мушаббак гашта дар тан аз ҳуҷуми орзу,
Ин гиреҳ то чанд дар зери қабо бошад маро.
Сӯйи бозорам харидорон намесозад гузар,
Дар дукон азбас матои бебаҳо бошад маро.
Аз қаноат, Сайидо, умри абад дорам умед,
Обрӯ сарчашмаи оби бақо бошад маро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail